Раисони парлумон сохтмони пурраи иншооти муҳимро баррасӣ карданд
Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Эрон дар меҳвари мулоқоти раисони парлумонҳои ду кишвар- Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон ва Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон қарор дошт, ки имрӯз дар Исломобод доир гардид.Зикр шуд, ки байни ду кишвар 150 санади танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расид, ки муносиботи ду давлатро дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ ба танзим медарорад. Мусоҳибон зикр карданд, ки ҷиҳати таҳкими муносиботи Душанбею Теҳрон дар бахшҳои тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва нафту газ имкониятҳои васеъ вуҷуд доранд ва густариши онҳо омили афзоиши гардиши мол байни ду кишвар хоҳад гашт.Ш.Зуҳуров саҳми Эронро дар эъмори иншооти гуногун дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф доир ба пурра ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони нақби мошингарди «Истиқлол», тезонидани сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2, бо сармоягузории ҷониби Эрон ба роҳ мондани лоиҳакашӣ ва бунёди нерӯгоҳи 170 мегаваттаи Айнӣ дар болои дарёи Зарафшон ибрози назар кард. Зикр шуд, ки тасмимоти ниҳоии сохторҳои марбутаи ду кишвар дар мавриди анҷом додани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон низ бояд ҳарчӣ зудтар анҷом дода шавад. Тарафҳо аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони конфронси исломӣ ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, робитаҳои парлумонӣ, иқтисодию тиҷоратиро меҳвари густариши муносиботи ҳасанаи ду кишвар маънидод карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






