Роберт Блейк: «Якҷо бар зидди терроризму мухаддирот мубориза мебарем!»
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико Роберт Блейк масоили ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Амрико мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Роберт Блейк қаблан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми назаррасаш дар самти таҳкими сулҳу амният дар минтақа ва махсусан дар Афғонистон изҳори миннатдорӣ намуд. Чун таҳкими сарҳадот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризму эстремизм аз мавзӯҳои меҳварии ин дидор маҳсуб меёфтанд, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, дар ин самт бояд ҳамкориҳои ду кишвар беш аз пеш тақвият дода шавад. Роберт Блейк шомил гардидани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдоро қадами ҷиддие дар самти рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар унвон карда, иброз дошт, ки бо ин восита ҷониби Тоҷикистон метавонад мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд. Дар назар аст, ки 21-уми феврал дар Душанбе нишасти васеи матбуотӣ доир гардидаву дар он Роберт Блейк ба суолҳои рӯзноманигорон посух гӯяд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






