Рушди инфрасохтор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Февраль 13, 2013 15:32

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода 13 феврали соли ҷорӣ бо роҳбари намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнанӣ баргузор гардид.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаи вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Акбар Алӣ Песнанӣ дар навбати худ иброз дошт, ки ба ҳайси роҳбари намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон баҳри пеш бурдани муносибатҳои мутақобила бо бисёр шарикони ҳавасманд, аз ҷумла ҶТ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Дар мулоқот масъалаҳои рушди инфрасохтор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ дар соҳаи мухталифи иқтисод дар қаламрави кишвар ва дигар масоил мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Февраль 13, 2013 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад