Сафири Тоҷикистон Эътиборномаҳоро супурд
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Олим Раҳимов Эътиборномаҳоро ба Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев супурд. Алмазбек Отамбоев дар ҷараёни мулоқот Олим Раҳимовро бо шурӯи расмӣ ба иҷрои мансабаш муборакбод карда, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Қирғизистон хоҳони рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамсоягии нек бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши ҳамкории дуҷониба мебошад. Сафири Тоҷикистон дар навбати худ иброз дошт, ки халқҳои Тоҷикистону Қирғизистонро муносибатҳои зичи таърихии дӯстию ҳамсоягии нек бо ҳам пайвастаанд. Рушди муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан муфид бо Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






