Сафирони тозаинтихоб – хостори рушди ҳамкориҳо
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони тозаинтихоби фавқулодда ва мухтори ҷумҳуриҳои Австрия, Шоҳигарии Норвегия, Шоҳигарии Испания, Шветсия, Мисри Араб, Салтанати Уммон, Индонезия, Ҷумҳурии Демократии Федеративии Эфиопия ва Ангола эътимоднома қабул кард. Жоаким Аугусто де Лемуша, ки ба ҳайси аввалин сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ангола дар Тоҷикистон таъйин шудааст, пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ҷониби Ангола ҳамеша ҳавасманди густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст ва дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Ба иловаи сафир дар мувофиқа бо намояндагони расмии Тоҷикистон самтҳои асосии робитаҳои ду кишвар – дар бахши кишоварзӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ мушаххас шудаанд. «Эмомалӣ Раҳмон ба мо доир ба самтҳои асосии сиёсати кишвар маълумот доданд ва ман ҳамчун сафири навинтихоб ҷиҳати равнақ бахшидан ба равобити ду кишвар ҷаҳд хоҳам кард»,- иброз дошт Жоаким Аугусто де Лемуша. Сафири тозатаъйини Австрия Волфганг Банян аз сатҳи ҳамкориҳои кунунии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, иттилоъ дод, ки дар нимаи моҳи март Президенти Австрия бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф меорад. Сафир изҳори итминон намуд, ки сафари қарибулвуқӯи Президенти Австрия ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид. «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезияро баррасӣ намуданд, ки ман пурра бо мавқеи эшон дар ин самт розиям»,- иброз дошт сафири тозаинтихоби Ҷумҳурии Индонезия Фостер Гултом. Ба қавли сафир то ҳол имкониятҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки метавон дар самти густариши равобити ҷонибҳо истифода кард. Номбурда аз муштаракоти зиёди Тоҷикистону Индонезия дар самтҳои мухталиф ёдоварӣ намуда, омодагии ҷониби Индонезияро дар самти таъмини рушди минбаъдаи равобити ду кишвар иброз намуд. Мануэл Ларротҷа Парада – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Испания дар Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми дӯстӣ ва ҳамкории шоҳи Испанияро ироа намуд. Номбурда аз ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистон ва Ипания изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки ҷиҳати равнақ бахшидан ба равобити ду ҷониб талош хоҳад кард. Номбурда илова намуд, ки Испания ният дорад, то ҳамкориҳои худро дар доираи СММ ва дигар созмонҳои муштарак тақвият диҳад. Сафири тозаинтихоби Шоҳигарии Норвегия дар Тоҷикистон Оле Ёҳан Бёрной бо зикри он, ки ҳар ду кишвар дорои захоири фаровони об мебошанд, иброз намуд, ки дар ин бахш ҳамкориҳои ду ҷониб тавсеа дода мешаванд. Бояд гуфт, ки тирамоҳи соли гузашта ҳайати парлумони Шоҳигарии Норвегия ба Душанбе ташриф оварда, доир ба масъалаи таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла дар бахши гидроэнергетика бо ҳайати расмии Тоҷикистон гуфтушунидҳо анҷом дода буданд.








27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






