Сармураббии «Хайр» аз Эрон
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев)- Беҳтарин бозингари футболи Осиё дар соли 1996 Худодод Азизӣ барои шиносои бо дастаи «Хайр»-и Ваҳдат ба Тоҷикистон омад ва гумон меравад, ки вазифаи сармураббигии ин тимро бипазирад. Худодод Азизӣ аз футболбозони шӯҳратёри Эрон аст , ки дар қатори Алии Доӣ, Карими Боқирӣ, Маҳдавикиё, Накӯном, Каримӣ ёд мешавад ва дар клуби шӯҳратёри «Кёлн», дастахои «Абумуслим», «Пос», «Баҳман», «Персиполис» ва «Ал-Наср»-и Амороти Мутаҳидаи Араб ҳунарнамоӣ кардааст. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Эрон дар 47 бозӣ ширкат карда, ба дарвозаи харифон 11 гол задаст. Тавре сардори дастаи «Хайр» Баҳриддин Мирзоев хабар медихад, ин мутахассиси эронӣ баъди шиносои бо даста шартномаи худро ба имзо хоҳад расонд. Худодод Азизӣ ба хайси мураббӣ дар дастахои «Абумуслим», «Паём» ва «Истиқлоли Аҳвоз» фаъолият кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






