Шӯрои занони КМ ТҶММ таъсис ёфт
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Чанде қабл дар Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои занони Кумитаи марказӣ ва мактабу клубҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид. Солҳои охир сафи занҳо дар бисёр корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ дар мақоми роҳбарикунанда ва дигар вазифаҳои масъул рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Зан чӣ дар корхонаю идора ва чӣ дар хонаву ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вазифаи бар дӯш доштаи хешро сари вақт иҷро намуда, обрӯю эътибори худро баланд бардорад. Аз ин лиҳоз, интихоби раиси Шӯрои занон дар Кумитаи марказӣ ва зерсохторҳои он бомақсад буда, дар фаъолияти созмони мудофиавии кишвар нақши босазо хоҳад гузошт. Дар ҷаласа корманди ТҶММ А. Рӯзиева якдилона раиси Шӯрои занони Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа интихоб гардида, ҳайати раёсати шӯро муайян ва нақшаҳои минбаъдаи корӣ роҳандозӣ шуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






