Шаҳрванди 8 миллионумини Тоҷикистон ба дунё омад
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар таваллудхонаи шаҳрии №3- и шаҳри Душанбе шаҳрванди 8 миллионумини Тоҷикистон ба дунё омад.Дар ин бора ба маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сартабиби таваллудхонаи шаҳрии №3 Саломат Гулаҳмадова хабар дод. «Духтарча рӯзи 5 феврали соли 2013, соати ҳафти субҳ ба дунё омад, қадаш 48 сантиметр ва вазнаш 2 кг 740 грамм мебошад. Дар айни ҳол саломатии модару кӯдак хуб аст», — хабар дод ӯ.Модари ин духтарчаи хушбахт Майсара Шарифова ва падараш Раҳмоналӣ Раҳмонов, сокинони кӯчаи Ҳисории шаҳри Душанбе мебошанд. Ин тифл дар оила фарзанди нахустин аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






