Шарики боэътимоди иқтисодӣ

Февраль 19, 2013 11:18

Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар соли 2012 гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия беш аз 600 миллион $-ро ташкил дод, ки 493,4 миллион $ содирот ва воридот 107,2 миллион $ аст. Беш аз 36,3 % и ҳаҷми умумии молҳои содиротӣ ва 2,8 % молҳои воридотии кишвари мо бо Туркия рост меояд. Маҷмӯи молҳои содиротии Тоҷикистон ба Туркия асосан аз нахи пахта, алюминии аввалия, пӯст ва маҳсулоти пӯстӣ иборат аст. Аз Туркия ба Тоҷикистон асосан гӯшти чорвою парранда, меваҳои субтропикӣ, маводи шустушӯӣ, қолину гилемҳо, маҳсулоти пластикӣ ва резинӣ, ашё аз металҳои сиёҳ, таҷҳизот ва механизмҳо оварда мешавад. Мавриди зикр аст, ки алҳол дар Тоҷикистон 64 корхонаи муштарак бо сармояи туркӣ фаъолият менамояд, ки «Азия- Трейдинг Шипинг Со», «Аге-Текар», «Комбинед –Аге-Текар», «Миск Интернейшнл ЛТД», «Текмаксан», «Центр Азия Дистрибюшин», «ЕNКА» «Озгюн Иншаат Таахют ве Иншаат» «Осмони соф» аз ҳамин қабиланд. Ин корхонаҳои муштарак асосан дар бахшҳои тиҷорат, сохтмон ва хизматрасонӣ фаъолият менамоянд.

Февраль 19, 2013 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия