«Шоҳон-Зиғар»: марҳилаи сеюми корҳо ба итмом мерасад
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-Марҳилаи сеюми корҳо дар роҳи мошингарди «Шоҳон-Зиғар» идома дорад ва дар чаҳорчӯби он бунёди 18 км роҳи дигар боқӣ мондааст. Бо шарофати ба ин қитъаи сохтмонӣ дастрас гардидани таҷҳизоти нав ва техникаи махсус корҳо тибқи нақша ҷараён доранд. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Шоҳон-Зиғар»-и Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, техникаҳои махсусгардонидашуда на танҳо имкон доданд, ки корҳои сохтмонӣ суръат гиранд, балки тавассути онҳо сифати корҳо низ беҳтар мегарданд. Дар сохтмони роҳи мошингард 57 адад техникаи гуногун сафарбар гардидааст. Мавриди зикр аст, ки пудратчии генералии сохтмони роҳи мошингард ширкати эронии «Собир» маҳсуб мешавад. Давомнокии марҳилаи сеюми лоиҳа 18,7 километрро ташкил медиҳад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 2 сол аст. Лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои молиявии Бонки исломии рушд ва ҳукумати Тоҷикистон татбиқ мешавад. Дарозии роҳ дар маҷмуъ 34 километрро ташкил медиҳад. Арзиши лоиҳа бо назардошти се марҳила 34 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад. «Дар назар аст, ки иншоот дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ ба истифода дода шавад»,-хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






