Шоми дӯстӣ
Душанбе, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи таҷлили 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Туркманистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» бо иштироки санъаткорони тоҷику туркман барномаи консертӣ доир гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ, ки таҷассумгари дӯстию бародарӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ буд, аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат доштанд. Мирзошоҳрух Асрорӣ -вазири фарҳанги ҷумҳурӣ зимни ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ зикр кард, ки халқҳои тоҷику туркманро аз қадимулайём муштаракоти фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Вазир ба сатҳи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон баҳои баланд дода, таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ омили густариши равобити мутақобилан судманди Душанбею Ашқобод аст. Ҳамзамон Чинор Рустамова –Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон зимни суханронӣ гуфт, ки муносиботи ду кишвар –Тоҷикистону Туркманистон тӯли солҳои охир беш аз пеш дар бахшҳои мухталиф, хусусан фарҳанг густариш меёбад, ки он аз иродаи сиёсии сарони ду кишвари дӯсту бародар шаҳодат медиҳад. Хонум Рустамова зикр кард, ки дар оянда бобати тақвияти равобити дӯстиву бародарӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон маҷмӯи чорабиниҳои гуногун, хусусан барномаҳои фарҳангӣ тарҳрезӣ шудааст, ки он имкон медиҳад, то равобити Душанбею Ашқобод беш аз пеш густариш ёбанд. Дар назди ҳозирин гуруҳҳои ҳунарӣ ва овозхонҳои хушсалиқаи тоҷику туркман бо барномаи рангини консертӣ, ки саршор аз суруду мусиқиҳои дилошӯб буд, ҳунарнамоӣ намуда, аҳли толор дастагули мусиқии меҳмононро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифтанд.9.29.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






