Шумораи аъзои ҲХДТ ба 200 ҳазор нафар расид
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). –Шумораи умумии аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба 200 ҳазор нафар расидааст. Дар ин бора сомонаи расмии ин ҳизб иттилоъ дода афзудааст, ки шаҳодаnномаи узвиятро ба узви 200000-уми ҳизб — Дилафрӯз Камолова муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов дар як маросими мутантан дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт супорид. Гуфта мешавад Дилафрӯз Камолова, ки ба ҳайси духтури занона дар беморхонаи марказии ноҳияи Рашт фаъолият дорад, аз ҷониби роҳбарияти ҲХДТ ҳамчунин бо туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардидааст.Бояд зикр кард, ки ҲХДТ соли 1994-ум таъсис ёфта, роҳбарии онро Президенти кишвар—Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад ва ҳудуди 40-дарсади аъзои ҳизбро ҷавонон ташкил медиҳанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






