Содироти мол афзуд
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова . — Тайи моҳи аввали соли ҷорӣ муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон 428 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январи соли 2012 баробари 7,4 фоиз зиёд аст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни тиҷорат манфӣ буда ва 175 миллиону 300 ҳазор долларро ташкил дод. Камбуди тавозуни тиҷорат бо кишварҳои ИДМ баробари 134 миллион доллар ва бо кишварҳои хориҷи дур 413 миллион доллар буд. Шарикони асосии тиҷорати Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин буданд, ки ҳаҷми муомилоти мол бо онҳо таносубан беш аз 66 миллиону 100 ҳазор ва 65 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил додааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






