Соле қабл нашъамандон бештар ҷинояти мухаддиротӣ содир кардаанд
Душанбе 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Соли гузашта касоне, ки бо ташхиси “нашъамандӣ” барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ маҳрум аз озодӣ шудаанд, дар қиёс ба як соли пеш 14,6% афзудааст. Дар ин бора оморе хабар медиҳад, ки ахиран шуъбаи таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кардааст. Дар маҷмуъ соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои умумӣ 8467 нафар маҳкум шудаанд. Аз ин ҳисоб теъдоди маҳкумшудагон ба ҷиноятҳои алоқаманд ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 1054 нафар будааст, ки он 7% бештар аз соли 2011 аст. Аз соли 2009 теъдоди занони маҳкумшуда барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ рӯ ба коҳиш овардааст. Аммо шумораи ин гуна афрод аз ҷумлаи касони қаблан доғи судидошта собит боқӣ мондааст. Ҳамзамон дар соли 2012 теъдоди афроде, ки судҳои кишвар барои такрори ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд, 47% коҳиш ёфтааст.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






