Созишномаи навбатӣ дар соҳаи муҳоҷират
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Пагоҳ, 8 феврали соли ҷорӣ дар Маскав байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия ба имзо мерасад. Дар асоси ин Созишнома шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави ФР қарор доранд, аз қайдгузорӣ дар мақомоти дахлдори ФР ба муддати 15 рӯз озод мегарданд. Бояд гуфт, ки муҳлати бақайдгирӣ барои шаҳрвандони ҶТ барои имрӯз дар қаламрави ФР то 7 рӯз мебошад. Ба Созишномаи мазкур сардорони сохторҳои муҳоҷирати ду кишвар- сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Федеролии Русия Константин Ромодановский имзо хоҳанд гузошт. Бо ин мақсад имрӯз сардори ХМ ҶТ С.Девонаев ба Маскав сафар намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






