Супоришҳои ҷашнии Қосим Қосимов

Февраль 13, 2013 14:42

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз зимни баргузории ҷаласаи машваратӣ вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов кормандони дастгоҳи вазорат ва ташкилотҳои зерсохтори онро бо вазифаҳое, ки Президенти кишвар дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҶТ дар назди кормандони вазорату идораҳои кишвар гузошт, ошно сохт. Вазири кишоварзӣ ба кормандони дастгоҳи вазорат супориш дод, ки дар давраи то 1 марти соли ҷорӣ барои бошукуҳ ва хотирмон гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявие, ки ба таҷлили 20-солагии Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, вохӯрии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар, ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2013» бахшида шудаанд, тамоми кӯшишу ғайрати хешро сарф намоянд.Қ. Қосимов таъкид кард, ки ба баргузории маъракаи аспдавонӣ дар варзишгоҳи «Наврӯзгоҳ» -и пойтахт бояд диққати махсус дод, зеро Сарвари давлат таъкид намудааст, ки ин маърака на танҳо дар пойтахт, балки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд гузаронида шавад, зеро ин анъанаи миллии қадимии мост. Дар ҷаласа барои расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон, инчунин ташкили намоишу фурӯши қаламчаҳои дарахтони мевадиҳанда, кучати гулҳо ва тухмиҳои зироатҳои гуногун дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ супориш дода шуд.

Февраль 13, 2013 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд