Тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи ҲХДТ

Февраль 5, 2013 11:07

Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи розигии роҳбарияти ҲХДТ ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Шарифова Фирӯза Бурихоновна таъин гардид. Фирӯза Шарифова соли 1973 дар шаҳраки Маскави ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1995 Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1995 аз муҳаққиқ – коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳамчун аспиранти кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон то соли 1999 фаъолият кардаааст. Солҳои 1999 – 2001 дар вазифаи мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ кор карда, аз соли 2001 дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ фаъолият менамояд. Соли 2003 ба вазифаи муовини сардор ва сардори идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон таъин мегардад. Бо таҷдид шудани сохтор аз соли 2007 то инҷониб дар вазифаи сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон фаъолият намуд.Номбурда вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад. Оиладор, соҳиби як фарзанд аст.Дар ин бора аз Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ доданд.Таъкид бояд кард, ки ҲХДТ аз ҳизбҳои пешсафи ҷомеаи кишвар ба шумор рафта, зиёда аз 200 ҳазор нафар аъзо дорад ва 85 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд, ки 42,5%-ро ташкил медиҳад.

Февраль 5, 2013 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!