Тақдими ҷоизаи байналмилалӣ ба ҳунарманди тоҷик

Февраль 21, 2013 09:56

Душанбе,21феврал. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ба дарёфти Ҷоизаи байналмиллалии «Intellect of nation» ноил гардид. Нахустин ҳунарманди тоҷике, ки ин ҷоизаи байналмилалиро соҳиб гаштааст, Ҳунарманди мардумии собиқ ИҶШС Ҷурабек Муродов мебошад.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, расми супоридани ҷоиза 22 феврал дар маросими қабули тантанавии роҳбарони конгресси байналмилалии саноатчиён ва соҳибкорон дар чаҳорчӯбаи барномаи имиҷии «Пешвоёни асри XXI» дар шаҳри Маскав баргузор мегардад. Ҷоизаи номбурда барои ҳиссагузорӣ дар инкишофи зеҳнии ҷомеа ва дастовардҳои арзандаи касбӣ тақдим мегардад.

Февраль 21, 2013 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш