Тақвияти чораҳои зиддисӯхторӣ дар «Корвон»

Февраль 12, 2013 17:27

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Он сӯхторҳое, ки дар ду соли охир дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба вуқӯъ омадаанд, на танҳо худи соҳибкорон, балки роҳбарияти ВКД ва СХДО-ро ба ташвиш гузошт. Хусусан ҳодисаи сӯхторе, ки 5 сентябри соли 2012 дар ҶДММ «Бозори Корвон» ба амал омад, ба соҳибкорону савдогарон ва соҳибмулкон зарари калони моддӣ ворид сохт.Чуноне ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, аз ҳамин лиҳоз бо пешниҳоди сардори СХДО ва мувофиқаи тарафайн бо роҳбарияти бозори мазкур, инчунин бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои дохилӣ дар бозори номбурда қисми мустақили ҳарбикунонидашудаи оташнишонӣ бо ду адад нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ таъсис дода шуд, ки дар он коршиносони ботаҷрибаву бомаҳорат ба фаъолият шуруъ намуданд.Аз аввали рӯзи фаъолияти қисми номбурда дар се моҳ аз тарафи нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори «Бозори Корвон» нисбат ба 24 нафар вайронкунандагони қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо ба маблағи 7 ҳазору 440 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Ҳамчунин 26 дӯкону мағозаҳои бахши хусусии бозор муҳр зада шуда, 34 адад нуқтаи қувваи барқе, ки дар ҳолати хавфи сар задани сӯхтор қарор доштанд, қатъ гардиданд.Лозим ба ёдоварист, ки дар айни ҳол чунин чорабиниҳои зиддисӯхторӣ танҳо барои пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва иҷрои супориши роҳбарияти ВКД ва Сарраёсат дар ҳамаи бозорҳои ш. Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикаи оташнишонии шабонарӯзӣ тавассути нақлиёти оташнишонӣ, ҳайати роҳбарикунандаву шахсӣ низ ба роҳ монда шуд.

Февраль 12, 2013 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд