Таҷлил аз Рӯзи байналмилалии радио

Февраль 1, 2013 17:51

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар»). – Бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии радио Би-Би-Си, Радиои байналмилалии Чин, Монте-Карло Дуалия, Радиои байналмилалии Испания, Радиои байналмилалии Фаронса, Радиои Шарқ ва радиои «Садои Русия» 13 феврал аз қароргоҳи ЮНЕСКО як силсила барномаҳоро мустақиман пахш менамоянд.Дар ин рӯз дар ЮНЕСКО ҳамчунин чандин муҳокимаҳо оид ба таърих ва барномаҳои навтаҳияшудаи соҳаи радиошунавонӣ барпо мешаванд. Баррасии чунин мавзуъҳо дар назар аст: «Васоити радиои ҷавонон», «Барои иҷрои вазифаи худ кушта шудаанд: таҳдид ба рӯзноманигорони радио», «Нақшаи амали СММ перомуни таъмини амнияти рӯзноманигорон», «Радиошунавонӣ дар мавҷи кӯтоҳ: боқимондаи замони гузашта?». Мавриди зикр аст, ки 13 феврал-рӯзи таъсиси «Радиои СММ» дар соли 1946 буда, он аз ҷониби директори генералии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии ЮНЕСКО хабар доданд.

Февраль 1, 2013 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд