Таҷлили рӯзи интернатсионалистон дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко бахшида ба 24-умин солгарди хуруҷи Артиши собиқ Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ҷамъомад доир гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳамаи он нафароне, ки дар қаламрави Афғонистон адои хизмат кардаву ҳамчун интернатсионалист дар ҷомеа шинохта мешаванд, дар ҷамъомад гирд омада, ба пояи нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ба хотири ҳамяроқони хеш, ки ҳангоми адои хизмат дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд, гулчанбар гузоштанд.Дар қатори садҳо нафар интернатсионалистон даҳҳо нафар кормандони ҳозираву собиқи мақомоти корҳои дохилӣ низ ҳузур доштанд, ки онҳо низ дар гузашта бо амри Ватан барои низоми ягонаи давлатдории кишвари Афғонистон мубориза бурдаанд.Дар хотимаи ҷамъомади идона мактаббачагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Сино, ки таълимгоҳашон ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Мироненко номгузорӣ шудааст, бо шеъру таронаҳои ватандӯстонаю тарғиботи ҳарбию ватандӯстӣ ба ҷамъомад ҳусни бештар зам намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






