Таҷлили Соли байналмилалии об дар ЮНЕСКО
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- 11-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Париж, дар дафтари марказии ЮНЕСКО маросими ифтитоҳи расмии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» баргузор мегардад. Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ иштирок мекунад. Мақсади баргузории чорабиниҳо дар доираи «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ҷалби бештари давлатҳои минтақа ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи босамари захираҳои обӣ мебошад. Ҳамчунин дар назар аст, ки Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни иштирок дар ин чорабинӣ бо роҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла бо мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова мулоқот кунад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






