Таъкиди О. Оқилов бар зарурати сохтмони роҳи оҳан барои Тоҷикистон

Февраль 26, 2013 08:22

Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дирӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба вусъат бахшидани сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат –Ёвон машварати корӣ доир шуд. Оқил Оқилов зарурати сохтмони роҳи оҳани мазкурро барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва беҳдошти ҳаҷми боркашонӣ махсус таъкид карда, изҳор дошт, ки анҷоми бомуваффақи корҳои сохтмонӣ дар қитъаи мазкур метавонад қисмати ҷануби мамлакатро аз хизматрасонии роҳи оҳан ҳарҷи бештар баҳравар гардонад. Тавре ки таъкид шуд, дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, қитъаи Ваҳдат –Ёвон мувофиқи нақша идома дошта, як қатор корҳои аввалиндараҷа аллакай анҷом ёфтаанд. Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва роҳбарияти корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро вазифадор кард, ки лоиҳаи камхарҷи корҳои сохтмонии роҳи оҳани мазкурро дида баромада, суръати пешбурди корҳои сохтмониро афзун намоянд ва барои бастани қарордод бо сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дарёфти манбаъҳои маблағгузории сохтмони роҳи оҳан тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Февраль 26, 2013 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд