Таъсири омилҳои берунӣ ба сатҳи таваррум
Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Зебо Сафарова).-Тибқи маълумоти Агентии омори кишвар меъёри таваррум дар соли сипаригардида 6, 4 %-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 –ум 2, 9 банди фоизӣ кам аст. Ин нишондиҳандаҳо асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ 9,6%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,7 % ва маҳсулоти ғизоӣ 5,6% ба миён омадааст. Ба таваррум ҳамчунин аз ҳисоби омилҳои берунӣ, аз ҷумла номуътадилии сатҳи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва номусоид омадани обу ҳаво дар кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти ғалладона таъсири манфӣ расид. Ин омилҳо сабаб шуданд, ки дар семоҳаи сеюми соли гузашта нархи гандум ва орд дар бозорҳои дохилии кишвар боло рафт. Дар асоси гузоришҳои омории Бонки ҷаҳонӣ дар охири соли2012 дар бозори ҷаҳонӣ нархи гандум нисбат ба соли 2011-ум 29, 4% ва нафт 1,6 %баланд гардид. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон соли сипаригардида сатҳи таварруми аслӣ (бе назардошти таъсири омилҳои берунӣ, мавсимӣ ва маъмурӣ) 2, 5 %-ро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2011 –ум 1, 9 банди фоизӣ кам аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






