Таъсиси ҷамъиятҳои нав дар Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон

Февраль 26, 2013 15:25

Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) маҷлиси солонаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, сарварони намояндагиҳои ҶДРФТ дар вилоятҳо, раисон ва намояндагони Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ки дар доираи ҶДРФТ амал мекунанд, раисон ва намояндагони иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, ки бо ҶДРФТ ҳамкорӣ доранд, иштирок намуданд.Ҷаласаро раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ифтитоҳ намуда, дар он ҳисоботи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ҳисоботи раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» Абдусаттор Нуралиев оид ба корҳои иҷрошуда дар соли 2012 шунида шуд.
ҶДРФТ дар давраи ҳисоботӣ кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, пешрафти фаъолияти Ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он амалкунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва кишварҳои дигар анҷом дод.  Дар соли 2012 нашри маҷаллаи «Дӯстӣ»-нашрияи чопии ҶДРФТ аз нав ба роҳ монда шуд, ҳамчунин сомонаи интернетии ҷамъият низ фаъол гардид.Дар давраи ҳисоботӣ ду ҷамъияти нав — Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-мамлакатҳои Араб» ва «Тоҷикистон-Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея» таъсис ёфт.

Февраль 26, 2013 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад