Тоҷикистон ба ТШСИ ворид шуд

Февраль 28, 2013 15:51

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Аз 26 то 27 феврали соли 2013 дар шаҳри Ослои Норвегия ҷаласаи 22 – юми Раёсати Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда (ТШСИ) баргузор гардида, дар он дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақоми номзади Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунандаро пайдо намудани кишвар маъқул ёфта шуд.Тоҷикистон ҳамаи расмияти мувофиқашудаи арзёбии дархостҳоро иҷро намуд.Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони Котиботи ТШСИ тайи соли 2012 се маротиба ба Тоҷикистон сафар карда, бо намояндагони ҳукумат, ширкатҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мушорикони байналмилалӣ мулоқотҳо анҷом доданд.Раёсат аз рӯи натиҷаи ҷаласа тасмим гирифт, ки Тоҷикистон ба ҳайси кишвари номзади Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда эътироф карда шавад.Раиси Раёсати Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда Клер Шорт Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пайдо намудани мақоми кишвари номзади Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда муборакбод намуд. Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда меъёри ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ба таъмини шаффофияти даромад дар сатҳи маҳаллӣ мусоидат мекунад. Услуби фасеҳ имкон медиҳад, ки санҷиши пардохти ширкатҳо ва даромади ҳукумат дар миқёси кишвари алоҳида таҳти назорати ҳукумат, ширкатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гирифта шавад. Ҳукуматҳои кишварҳо тартиби дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшудаи таъмини шаффофияти истифодаи захираҳои табииро роҳандозӣ намуда, афзалиятҳои иловагӣ пайдо мекунанд. Татбиқи Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда нерӯи идоравиро ташаккул дода, сатҳи боварии ҷаҳониро баланд бардошта, ҷонибдори муборизаи зидди коррупсия будани ҳукуматро тасдиқ мекунад. Дар амал татбиқ намудани Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармояҳои дохилӣ ва мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои истихроҷкунандаи иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.Ба Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда ворид шудани Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷолибияти инвеститсионӣ беҳтар намуда, мақоми кишвари ҷонибдори шаффофияту масъулият дар амри ба даст овардани даромад ва хароҷоти самарабахши он тасдиқ карда шавад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон кишвари узви Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда гардида, барои баланд бардоштани сатҳи шаффофияти даромадҳо ба буҷаи давлатӣ ва назорати истифодаи судманди онҳо, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва манбаъҳои изофии даромади табақаҳои мухталифи аҳолӣ имконияти хубе фароҳам меорад.Дар ҷаласаи Раёсати Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда ҳайати Тоҷикистон бо сарварии муовини вазири молияи ҶТ раиси Шӯрои Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда дар Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов ширкат дошт.

Февраль 28, 2013 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд