Тоҷикистон меросхӯри артиши Шӯравӣ нест!
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибатии 20- солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе ҳамаи собиқадорон, хизматчиёни ҳарбӣ ва тамоми кормандони соҳаро, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа саҳм гузоштаанд, таҳният гуфт. Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат таъсиси артиши миллиро дар он даврони басо ҳассос амри ниҳоят муҳим медонист. Ба қавли Презиленти мамлакат баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни понздаҳ ҷумҳурии собиқи он Тоҷикистон ягона давлати соҳибистиқлол ба шумор мерафт, ки аз артиши шӯравӣ чизе мерос нагирифта буд. Дар ҳоле, ки дигар ҷумҳуриҳо қисмҳои ҳарбии дар қаламравашон ҷойгирбударо бо тамоми техникаи ҳарбӣ ва муҳимоту лавозимоти ҷангӣ миллӣ гардонида, соҳиби артиш ва дигар сохторҳои низомӣ шуда буданд.“Бинобар ин, якҷо бо вакилони мардумӣ ба хулосае омадем, ки бетаъхир артиши миллиро ташкил намуда, аз пайи таъсиси дигар рукнҳои давлатдорӣ ва танзими фаъолияти онҳо шавем. Бо ин мақсад 18-уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид” – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон. Бояд гуфт, ба он нанигариста, ки пас аз таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ дар ин самт мушкилоти зиёде ҷой дошт, аммо 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






