«Тоҷикстандарт»: мутобиқсозии стандартҳо

Февраль 12, 2013 16:27

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъалаҳои рушди бамеъёрдарории техникӣ ва стандартҳо, ҷорӣ намудани низоми нави идораи сифат дар корхонаҳои ватанӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии ИСО 9001 ва ИСО 22000 имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни семинаре, ки бо ибтикори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» доир шуд, баррасӣ гардиданд. Семинар ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» бо иштироки доираи васеи соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва ассотсиатсияҳои миллии дастгирии соҳибкории хурду миёна роҳандозӣ шудааст. Дар чорабинӣ ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолияти хешро дар самти дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ муаррифӣ намуда, истеҳсолкунандагони ватаниро бо барномаву лоиҳаҳои хеш ҷиҳати рушди истеҳсолоти босифат ва дастгирии соҳибкории хурду миёна шинос намуданд. Ҳадафи аслии семинар баланд бардоштани сифати истеҳсолоти ватанӣ ва ба ин восита мутобиқ намудани стандартҳои Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад.

Февраль 12, 2013 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд