Варзишгарони тоҷик- сазовори медали биринҷӣ
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Дар мусобиқаи байналмилалии кэндо барои Ҷоми сафири Ҷопон дар Қирғизистон Тоҷикистон мақоми сеюмро ишғол намуд. Дар мусобиқаи мазкур шаш даста- се даста аз Қазоқистон, ду даста аз Қирғизистон ва як даста аз Тоҷикистон ширкат варзиданд Ҳайати дастаи Тоҷикистон аз се нафар – раиси Федератсияи каратэ- киокушинкайи ҷумҳурӣ Ҳикматулло Кароматов, намояндаи Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Коматсу-сан ва варзишгари ҷавон Икром Ҷовидов иборат буд. Дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ бо ҳам рақобат намуда, дастаи аввали Қазоқистон бо имтиёзи бештар сазовори Ҷом гардид ва дастаи аввали Қирғизистон мақоми дуюмро касб намуд Ба иттилои Ҳикматулло Кароматов варзишгарони тоҷикро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ устоди ҷопонӣ Асано Фумиаки роҳбарӣ мекард Бояд гуфт, ки кэндо санъати шамшерзанист, ки таърихи қадимӣ дорад. Варзишгарони точик 8 моҳ аст, ки нозукиҳои ин навъи варзишро дар Ҷопон меомӯзанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






