Вохӯрии И. Сатторов бо Томаш Дуб
Душанбе, 28 феврал (АМИТ «Ховар»).- 26 феврали соли 2013 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия (қароргоҳ дар Берлин) Имомуддин Сатторов ва муовини вазири корҳои хориҷии Чехия Томаш Дуб доир гашт. Дар мулоқот ҳамчунин мудири кулли раёсати масоили иқтисодӣ Иван Юкл ва мудири кулли шуъбаи робитаҳо бо кишварҳои ғайриаврупоии Вазорати корҳои хориҷии Чехия ҳузур доштанд. Зимни вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Чехия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чехия, барқарор намудани робитаҳои наздик миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт. Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Чехия хамчунин бо ҳадафҳо ва вазифаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шинос шуданд. Аз доираҳои расмӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, намояндагони бахши хусусӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ ва дигар доираҳои марбутаи Чехия даъват шуд, ки дар кори конфронс фаъолона ширкат варзанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






