Вохӯрии М.Маҳмадаминов бо намояндагони БРО
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо як гуруҳ намояндагони Бонки Рушди Осиё (БРО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, зимни вохўрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар карданд. М. Маҳмадаминов оид ба масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолият, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Вазорат бо ташкилотҳои хориҷӣ сухан гуфта, ҷиҳати густариши робитаҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуд.Дар вохўрӣ намояндагони БРО бештар ба масъалаҳои ислоҳоти соҳаи нафақа, бозори меҳнат, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо кор таъминкунӣ ва инчунин касбомўзӣ таваҷчуҳ зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар самтҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси филиалҳои Маркази таълими калонсолон дар ноҳияҳои куҳӣ, дар доираи ислоҳоти системаи нафақа дар Тоҷикистон ташкил намудани махзани маълумотии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба пардохтҳои нафақавӣ ва суғуртавӣ аз ҷониби шаҳрвандони коркунанда, расонидани кўмаки техникӣ ба Корхонаи давлатии заводҳои протезию ортопедии шаҳри Душанбе ва инчунин тақвияти хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути кортҳои пластикии бонкӣ иброз намуданд. Дар анҷоми вохўрӣ ҷонибҳо умедвории худро ба рушду густариши ҳамкории минбаъда таъкид доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






