Вохӯрии М.Маҳмадаминов бо сокинони Хатлон
Қӯрғонтеппа, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — 15 феврал вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо сокинони вилояти Хатлон вохӯрд. М.Маҳмадаминов дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамаи чораҳоро мебинад. Алҳол барномаҳое қабул шудаанд, ки ба беҳдошти вазъи аҳолии ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд. Вазир ҳамчунин ба саволҳои шаҳрвандон аз рӯи масоили таъмини нафақа ва шуғли аҳолӣ посух дод.Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷараёни сафараш ҳамчунин бо роҳбарияти вилояти Хатлон вохӯрда, аз коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Бохтар дидан мекунад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






