Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Президенти ТИКА
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (ТИКА) доктор Сердар Чам 12 феврал баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ ва тайёр намудани мутахассисонро дар бахшҳои мазкур ва ҷалби сармоягузорони туркро ба иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Сердар Чам хотиррасон намуд, ки соли ҷорӣ ТИКА дар шаҳри Душанбе Маркази ташхис ва табобати саратон барои кӯдакон ва мактаби миёнаро дар шаҳри Данғара расман ифтитоҳ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия дар назди Сарвазири Туркия мебошад ва аз номи Ҳукумати Туркия ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, тиҷорат, обу энергетикаи кишварҳои Осиё ва Африқо кӯмак мерасонад. ТИКА аз соли 1992 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, соли 1995 Намояндагии худро дар шаҳри Душанбе кушодааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






