Вохӯрии вазири фарҳанг бо сафири Британияи Кабир

Февраль 7, 2013 10:48

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ«Ховар», Фарзона Достонзода).- 5 – уми феврал дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Орд –смит баргузор гашт. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ доданд, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар оянда боз ҳам равнақ бахшидани ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар омодагии хешро баён намуданд.

Февраль 7, 2013 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш