Вохурӣ бахшида ба 20-солагии Артиши миллӣ

Февраль 22, 2013 12:09

Душанбе, 22 феврал.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 21 феврал дар Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносови шаҳри Душанбе бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори шуъбаи Раёсати хадамоти ҳарбӣ ва бехатарии ҳарбии ситоди Генералии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Мирзоев Х.К. бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Ҷамъомадро директори иҷроияи Донишгоҳ Ҳайдар Одинаев ифтитоҳ намуд. Дар вохӯрӣ полковник Мирзоев аз оғози таъсис ва ташкилёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз сухан гуфт. Зимни суханронӣ полковник Мирзоев аз ҳаёту фаъолият, шароти афсарон дар қисмҳои низомӣ, пешравиҳои солҳои ахири ин соҳа мисолҳо овард. Дар навбати худ донишҷӯён дар атрофи масъалаҳои гуногуни ҳаёти афсарон изҳори ақида намуда, ба суолҳои мавриди назарашон посухҳо гирифтанд.

Февраль 22, 2013 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш