Вокуниш ба мақолаи «Нописандии Бег Зуҳуров»
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷрояи давлатӣ буда, сиёсати ягонаи давлатии идора, назорат, танзим ва ба амалбарории хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ ва иттилоотониро таҳия мекунад ва ба амал мебарорад. Имрӯз агар пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро дар сайтҳои интернетӣ нагирем, баъзе нафароне ҳастанд, ки озодии сухан гуфта, аз тариқи интернет бо тахаллусҳои «Ношинос», «Беном», «Беватан» ва ғайра берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва бо ҳақорат, дашномҳо ва алфози қабеҳ обрӯю шарафи мардумро паст мезананд ва худро муаррифӣ намекунанд. Ҳар як провайдер бастани сомонаҳоро бар дӯши худ дорад ва ҳеҷ гоҳ аз тариқи SМS ё паёмак сайтро намебанданд.Дар хусуси «доброволтс»-ҳо бошад дар ҳақиқат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани интернет- сайтҳо муроҷиат мекунанд ва одамони оддианд, вале ҳеҷ гоҳ кормандони ниҳодҳои махсуси кишвар бо ин роҳ ба Хадамоти алоқа шикоят намекунанд, балки аз тариқи супоришнома ва ё мактуби махсус муроҷиат менамоянд.Роҳбарияти корхона тибқи дастуру супоришҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ рафтанашро бо ВАО маслиҳат намекунад. Дар ҳолати ба сафари хизматӣ рафтани роҳбар дар корхона муовинони сардор ҳастанд, ки дар нишасти матбуотӣ иштирок карданд ва онҳо тамоми кафолатҳоро барои аз номи роҳбар баромад кардан доранд ва ҳеҷ нописандӣ нисбат ба васоити ахбори омма ё қонуншиканиеро мо дар ин кор намебинем, барои ВАО ҳисоботи корхонаю ташкилот пешкаш карда шуд ва дар давоми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба тамоми суолҳои худ посух гирифтанд. Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






