Ворид намудани тағйирот ба қонуни ипотека

Февраль 20, 2013 15:23

Душанбе, 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 20 феврал дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдулкарим Неъматов ва вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадшариф Нозимов ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани он ба Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» танҳо ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он мумкин аст ба гарав гузошта шавад. Гарави истифодаи қитъаҳои замин нисбат ба қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо бе ҳуқуқи бегона намудани он ба даст оварда шудааст, манъ мегардад.

Февраль 20, 2013 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд