Вусъати соҳилбандӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб вусъат бахшида истодаанд. Дар айни замон ҳамаи техникаҳои корхонаи зудамали Вазорати мелиоратсия дар сои Зиракии шаҳри Кӯлоб сафарбар шудаанд.Бояд зикр намуд, ки сои Зиракӣ аз маркази деҳаҳои сераҳолӣ мегузарад ва рахна гардидани соҳилҳои он дар давоми се соли охир ба даҳҳо гектар замини корам ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонидааст, зеро оби сой аз қаторкуҳҳои ноҳияи Муъминобод ҷорӣ мешавад ва суръаташ тез мебошад. Шумораи чунин сою дарёчаҳо дар минтақаи Кӯлоб зиёд аст ва кормандони вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ мақсад доранд, то оғози боронҳои баҳор қисми зиёди сою дарёчаҳоро бехатар гардонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






