Ярмарка — фурӯши ниҳол — 2013
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 26 феврали соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати ш. Душанбе ярмарка-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, тухми зироатҳои кишоварзӣ, кучати гулу буттаҳоро баргузор менамояд. Ярмаркаи мазкур дар чор ноҳияи ш.Душанбе: Шоҳмансур, Сино, Қарияи боло ва Деҳқонбозор доир карда мешавад. Дар ярмарка беҳтарин ниҳолҳо аз корхонаҳои ниҳолпарваии ҷумҳурӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ пешкаши харидорон карда мешавад ва олимони соҳаи кишоварзӣ ба харидорон маслиҳатҳои муфит медиҳанд. Ҳамзамон, баҳри истироҳати бофароғат, муассисаҳои фарҳангӣ бо барномаҳои омодашуда хотири иштирокчиёни ярмаркаро шод мегардонанд. Марҳамат ба ярмарка — фурӯши ниҳол — 2013!Телефнҳо барои тамос: 227-39-53; 227-37-09.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






