Ярмаркаи ниҳолҳо дар Душанбе
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Бо ибтикори Вазорати кишоварзии ҶТ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати кишвар рӯзи якшанбеи гузашта дар шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо баргузор гардид. Муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ЧТ Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор қариб 3 миллиону 600 ҳазор ниҳол шинондааст, ки беш аз 39 намуди онҳо ниҳолҳои мева мебошанд.То имрӯз дар ҷумҳурӣ қариб 130 ҳазор ниҳоли нав шинонида шуда ва ниҳолшинонӣ дар ҳамаи шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ давом дорад. Дар ярмарка ниҳолҳои дарахтҳои мурӯд, себ, шафтолу, олуболу, зардолу, бодом, сарву арча, ҳамчунин тухмию донаи растаниҳои ороишӣ ва наботот ба маърази фурӯш қарор дода шуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






