Ёде аз Меҳрубон Назаров
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 90 – солагии ходими фарҳанг, илм ва сиёсати тоҷик Меҳрубон Назаров конфронс таҳти унвони «Саҳми Меҳрубон Назаров дар рушди фарҳанги халқи тоҷик» баргузор гардид.Тавре ки аз Вазорати фарҳанг ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, конфронсро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ифтитоҳ намуд. Сипас дар бораи зиндагинома ва хидматҳои М. Назаров намояндагони илму фарҳанги тоҷик суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, номзади илмҳои санъатшиносӣ А. Абдураҳмонов дар мавзӯи «Меҳрубон Назаров — актёр, режиссёр», доктори илмҳои педагогӣ С. Сулаймонӣ дар мавзӯи «Фарҳанги мардум дар осори Меҳрубон Назаров», доктори илмҳои таърих С. Раҳимов дар мавзӯи «Роҳбари ғамхор ва кордон», доктори илмҳои таърих А. Раҷабов дар мавзӯи «Муҳаққиқи фарҳанги тоҷик», дар бораи нақши Меҳрубон Назаров дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг профессор Р. Амиров андешаҳои хешро баён намуданд. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Ҳамдам аз хотироти рангини хеш аз Меҳрубон Назаров сухан гуфт.Ҳамчунин имрӯз соати 14.00 дар толори калони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бахшида ба 90 — солагии Меҳрубон Назаров консерт баргузор гардид.








DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия






