З. Саидов ба И. Алиев эътиборнома супорид
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Чанде қабл Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Зоҳир Саидов ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев эътиборнома супорид.Дар ҷараёни мулоқот Президенти Озарбойҷон аз вазъи муносибот ва ҳамкориҳои муфиди ҳарду давлат дар самтҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуд.Зимни мулоқот татбиқи созишномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла «Барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон», ки зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Боку дар соли 2012 ба имзо расида буданд, баррасӣ шуданд.Ҷонибҳо ҳамчунин масоили вусъати робитаҳои фарҳангӣ ва дубора ба роҳ мондани хатсайри «Душанбе-Боку»-ро матраҳ намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот ва тарҳрезии сиёсати берунии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






