Зан ва варзиш тавъаманд
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 31-уми январи соли равон дар шаҳри Қурғонтеппа семинари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ Зан ва варзиш “доир гардид. Семинар бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати 25 бону аз манотиқи гуногуни вилояти Хатлон баргузор шуд. Зимни ҷамъомад роҳҳои ҷалби бештари бонувон ба намудҳои мухталифи варзиш ва солим нигоҳ доштани ҷомеа тавассути варзиш баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки имрӯз бонувони кишвар на ба таври кофӣ ба варзиш шуғл доранд, бо вуҷуди ин ҳастанд бонувоне, ки ҳатто дар соҳаи варзиш шаъну шарафи кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Бояд тазаккур дод, ки чунин семинар дар охири соли 2012 се маротиба дар шаҳрҳои Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд доир шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






