Занон ва ноболиғон ба ҷиноятҳо камтар ҷалб шудаанд

Февраль 8, 2013 15:24

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Соли гузашта барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир дар кишвар 946 нафар боздошт шуд, ки 33 нафари онҳо занон мебошанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2011 дар Тоҷикистон 60 нафар зан барои ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ҳабс шуданд.  Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 43 нафар ва ё 71,7 фоизи онҳо занони аз сисола боло ва 17 нафар ё худ 28,3 фоиз аз 18 то 30—сола буданд. Тибқи омори охирин ироашуда 39 дар сади ин ҷиноятҳо аз ҷониби сокинони шаҳри Душанбе содир шудааст. 31 дар сад ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддирро сокинони вилояти Суғд, 18 дар садро бошандагони вилояти Хатлон содир кардаанд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9 ва дар ВМКБ 3 дар сад ин навъи ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст. Таҳлили оморҳо нишон медиҳад, ки 68 дар сади ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз ҷониби афроди аз сисола боло содир шудааст. Соли гузашта 299 нафар шаҳрванди то сисола бо ин гуна ҷиноятҳо боздошт шудаанд. Ҳамчунин 1 ноболиғ низ ба ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шудааст. Маврид ба таъкид аст, ки соли 2011 ҳашт нафар ноболиғ барои ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Чор нафари онҳо дар вилояти Суғд, ду нафар дар шаҳри Душанбе ва якнафарӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Турсунзода боздошт шуданд.

Февраль 8, 2013 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд