Зиёрати оромгоҳи пирони тариқат
Душанбе, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳонаш зимни сафар дар шаҳри Қунияи Туркия оромгоҳи шоирон ва мутафаккиронии бузурги Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамси Табрезиро зиёрат намуда, ба руҳи пирони тариқат дуою фотиҳа карданд. Зимни сафар ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар шаҳри Қунияи Туркия ҳамзамон аз Осорхона ва дигар қадамгоҳҳои мутафаккири бузурги Машриқзамин Мавлоно боздид намуданд. Маъмурияти оромгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ба раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ду ҷилди тозанашри китоби «Девони кабир»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румиро тақдим намуд.Инчунин Шукурҷон Зуҳуров аз донишгоҳи байналмилалии ба номи Мавлавии шаҳри Қуния боздид намуда, бо ҳайати устодони донишгоҳ мулоқот анҷом дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






