Ғолибони гӯштини тарзи озод муайян шуданд
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар арафаи ҷашни Наврӯзи Аҷам чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор гардид. Дар расми кушоиши он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов сухан гуфта, ба иштирокчиёни мусобиқа дар қувваозмоиҳои ҷадид барор хост. Мусобиқа дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа бо ширкати зиёда аз 80 варзишгар доир шуд ва ғолибон ба таври зайл муайян гардиданд. Дар вазни 55 кило Саидҷаъфар Ҷӯраев бо Саидмузаффар Мудинов ба қувваозмоии ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва бо бештари имтиёз Саидмузаффар ғолиб баромад. Дар вазни 60 кило Николай Ноев бо Некрӯз Шарифов қувваозмоӣ намуда, барандаи медали тилло гардид. Унвони қаҳрамониро дар вазни 66 кило Тоҷиддин Хоҷаев бо ҳарифи хеш Содиқхон Исмоилов ба даст овард. Баҳодур Қодиров чун даврҳои пешин тавонист медали тиллоро ба даст оварад ва ҳарифаш Сомиршо Воҳидов барандаи медали нуқра гашт. Салим Хоҷаев, қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон ин навбат аз ҳарифи хеш Комилҷони Сафаралӣ шикаст хӯрд ва Комилҷон барандаи зинаи аввал дар вазни 84 кило шуд. Иштирокчии Бозиҳои олимпӣ Искандари Рустам дар вазни 96 кило бо рақиби хеш Салимзода Фахриддин дастболо шуда барандаи медали тилло гашт. Вазни гаронро Фарҳод Анақулов, ки қаблан рақиби асосии Искандари Рустам буд, дар вазни 120 кило ҳукмрон гардид. Рашид Ғуломов зинаи 2-юмро дар ин вазн касб кард.Қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистон, Қаҳрамони Осиё, Қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон, барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон миёни бузургсолон Акмалиддин Каримов аз ҷониби Федератсияи байналмиллалии самбо бо маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ сарфароз шуд. Мукофоти молиявӣ дар Кумитаи ҷавонон аз ҷониби раиси кумита Маликшо Неъматов ба варзишгар тақдим гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






