Қувваозмоӣ барои дарёфти Ҷоми асосии Тоҷикистон
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб вохӯрии байни қаҳрамони амалкунандаи Тоҷикистон дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб ва дорандаи Ҷоми ҷумҳурӣ дар соли 2012 дастаи «Регар – ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода барои дарёфти Ҷоми асосии Тоҷикистон оид ба футбол дар соли 2013 баргузор мегардад. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, доварии ин вохӯриро ҳаками шаҳри Қӯрғонтеппа Равшан Эшматов ба ӯҳда дошта, корманди шӯъбаи мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев комиссари вохӯрӣ таъин шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






