Ҳадяи «Пайванд» дар Наврӯз

Март 20, 2013 14:34

Душанбе, 20 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Душанбе маҷмӯаеро таҳти унвони «Наврӯзнома» бо ҳуруфоти форсӣ дар чопхонаи «Пайванд» нашр намуд. Маҷмуаро, ки дафтари нахустин арзёбӣ гардидааст, Ҳабибуллоҳ Исмоилӣ-пажӯҳишгари эронӣ дар асоси дувоздаҳ рисолаи наврӯзӣ аз осоре, ки дар марказҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон мавҷуданд, гирдоварӣ ва таҳия намудааст. Ба маҷмӯаи «Наврӯзнома» Алӣ Асғари Шеърдӯст сафири Эрон дар Тоҷикистон, сарсухан навишта гуфтааст, ки: «Аз аъёди (ҷашнҳои) бостонии Эрон ду ҷашни Сада ва Наврӯз солиёни сол пас аз вуруди ислом ба наҷди Эрон пойдор ва барқарор будааст». Наврӯз, ки ҷашни қадимаи мардумони ориёнажод аст, дар кишварҳои Осиёи Миёна, Кафқоз, ва Шарқи Наздик таҷлил мегардад. Соли равон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ дар Туркманистон ҷашн гирифта мешавад.

Март 20, 2013 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш