Ҳамкориҳои ВКД бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин

Март 19, 2013 15:00

Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Баррасии лоиҳаи «Барнома оид ба тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ байни Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013» имрӯз дар вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун муҳокима гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Сянжун намояндаи расмии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Бян Юйтсзеро муаррифӣ намуд. Вазири корҳои дохилӣ Бян Юйтсзеро бо таъйин гардиданаш ба ин вазифаи пурмасъул табрик намуда, изҳор намуд, ки дар оянда ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин боз ҳам самаранок ва қавитар мегардад. Зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷонибаро дар мавриди мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм, инчунин таҳдиду хатарҳое, ки эҳтимол аст пас аз хуруҷи нерӯҳои ТҲАШ (НАТО) аз Афғонистон ба миён оянд, баррасӣ намуданд.

Март 19, 2013 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд