Ҳамкории ПСС Тоҷикистон бо ПСС ҶИА
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси ПСС Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо намояндаи ПСС вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ВМКБ Муҷаддидӣ Ҳоҷисаид Авлиё баргузор гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Асаналӣ Карамалиев дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дер боз бо Раёсати Палата ҳамкорӣ дорад. Мувофиқи суханони мавсуф, савдои наздисарҳадӣ яке аз омилҳои муҳими рушди ҳамкорӣ ба шумор меравад. Шакли дигари ин ҳамкорӣ иборат аз ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳо, мулоқоти намояндагони тиҷоратии минтақаҳои сарҳадии ҳар ду кишвар мебошад. Муҷаддидӣ дар навбати худ аз ҷараёни хамкорӣ нақл карда, хоҳиш намуд, ки барои ҳалли баъзе масоили бозорҳои наздисарҳадӣ, истифодаи нақлиёт ва таъмини амният кӯмак расонида шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






